Бумиёни Австралия
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бумиёни Австралия, Австралиягиҳо-абориганҳо — аҳолии аслии муқимии Австралия. Асосан дар ноҳияҳои дурдасти Шимолӣ, Шимоли Ғарбӣ ва Марказии Австралия зиндагӣ доранд. Забонҳои аборигенҳо (тақрибан 250 лаҳҷа) мутобиқи таҳқиқи лингвистӣ аз 12 оилаи як ирқ иборат буда, қисмати бештарини лаҳҷаҳо аз оилаи забони пама – нюнга мебошанд. Ҳафриёти археологӣ, ҳамчунин таҳқиқоти антропологӣ, этнографӣ ва лингвистӣ нишон додаанд, ки ҳамаи қабилаҳои австралиягиҳо – абориганҳо аз як нажоданд. Шумораи умумии аборигенҳо дар ибтидои садаи XXI тақрибан 410000 нафар буда, аксари онро қабилаҳои аррернте, пинтупи, валпири, кариера, нӣол – нӣол, йолнгу, какаду валмункан, йир – йоронт, курнай, арабана, вакка ташкил медиҳанд. Аввалҳо асоси динашон тотемизм ва шаклҳои гуногуни афсунгарӣ буд, вале тадриҷан эътиқодманди дини насронӣ (протестантҳо ва католикҳо) гардиданд.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |