Дуа Липа
сарояндаи бритониёӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Ду́а Ли́па (англ. ва алб. Dua Lipa; зод. 22 август 1995[2], Вестминстер[d], Лондони Бузург[3][4]) — овозхони бритониёии косовоитабор, таронасаро ва мудел[18][19]. Соли 2015 шартнома бо Warner Bros. Records имзо кард ва дар онҷо сингли аввалини худро сабт кард. Дар соли 2016 бо ёрии маҷаллаи The Fader дар борааш филми мустанади See in Blue ба навор гирифта шуд[20]. Дар соли 2017 ӯ ҷоизаи EBBA Public Choice Award-ро ба даст овард[21].
алб. Dua Lipa | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | алб. Dua Lipa[1] |
Таърихи таваллуд | 22 август 1995(1995-08-22)[2] (28 сол) |
Зодгоҳ |
|
Солҳои фаъолият | 2014[5][6] — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон, таронасаро, мудел, тарроҳи муд, ҳунарпеша, podcaster, pop singer, оҳангсоз |
Навъи садо | метсо-сопрано[d][8][9][10] |
Сабк | мусиқии поп, post-disco[d], house music[d], funktronica[d], индипоп[d][11][12][13][…], дрим-поп[d][11][12][13][…] ва синтипоп[d][11][12][13][…] |
Номи мустаъор | Dula Peep[14][15] |
Ношир(он) | Warner Records Inc.[d][16][17], Urban[d], Vertigo Records[d] ва Atlantic Records[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
dualipa.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
2 июни соли 2017 нахустбаромади албоми ҳамномаш сурат гирифт. Ҷудогона аз албом 7 сингл баромад, ки дутояш дар чартҳои (ҷадвалҳои) бритониёӣ ба зудӣ машҳур шуд; «Be the One» ва «IDGAF (Dua Lipa song)». Ва сингле, ки дар Британия ҷои аввалро ишғол намуда буд (UK Singles Chart) яъне сингли «New Rules», ҳамчунон дар ҷои 6 дар ҷадвалҳои ИМА қарор гирифт. Дар моҳи феврали соли 2018 Липа ду ҷоизаро Brit Awards дар номининатсияи British Female Solo Artist and British Breakthrough Act ба даст овард. Дар моҳи апрели соли 2018 сингли Липа ва Келвин Ҳаррисс — «One Kiss» ҳамчунон тавонист ҷои аввалро дар UK Singles Chart ба даст оварад.
Дар моҳи феврали соли 2019 дар маросими Grammy Awards, соҳиби 2 мукофот гардид: дар категорияи Ҷоиза ба беҳтарин сарояндаи нав ва Беҳтарин суруди рақсӣ барои сингли «Electricity» (ҳамроҳ бо дуэти Silk City)[22].
Дуюмин албоми студиявии сароянда «Future Nostalgia» дар моҳи марти соли 2020 баромад ва эътирофи мунаққидонро ба даст овард. Албом пластинкаи аввалини № 1 барои Липа дар Бритониё гашт; сингли «Don’t Start Now» бошад пешсафи ҷадвали бритониёии UK Singles Chart, ва ҷадвали амрикоии Billboard Hot 100 гашт[23][24][25].