Рамзарз
From Wikipedia, the free encyclopedia
Рамзарз, крипто-арз ё крипто пули рақамӣест, ки барои кор ҳамчун воситаи мубодила тавассути шабакаи компютерӣ таҳия шудааст. Он ба ягон мақомоти марказӣ, ба монанди ҳукумат ё бонк вобаста нест. [1] Ин як системаи ғайримутамарказест ва тасдиқи мекунад, ки тарафҳои муомила дорои маблағе муайяне мебошанд.Онҳо чунин мешуморанд, ки ин система зарурати миёнаравҳои анъанавӣ, ба мисли бонкҳову ташклиотҳои молиро ҳангоми интиқоли маблағҳо дар байни ду субъект аз байн мебарад. [2]
Дороиҳои моликони фардии рамзарз дар дафтари рақамӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки он чун як махзани компютерӣ бо истифода аз криптографияи қавӣ барои ҳифзи сабтҳои тарокуниш, назорати эҷоди тангаҳои иловагӣ ва тасдиқи интиқоли моликияти танга корбурд мешавад. [3] [4] [5] Сарфи назар аз номашон, рамазарзҳоро одатан ҳамчун асъор ҳисоб намекунанд. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳангоми муносиботи гуногуни молӣ, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба сифати молҳо, коғазҳои қиматнок ва арзҳо аз он истифода мекунанд. Рамзарзҳо дар амал ҳамчун як синфи дороиҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд. [6] [7] [8] Баъзе схемаҳои рамзарзҳо барои нигоҳ доштани арзҳои рақамӣ истифода мешавад. Модели исбот саҳом, моликони токенҳои худро ба унвони васиқа қарор медиҳад. Бар изои он, онҳо дар баробари маблағе, ки ҳамчун саҳм гузоштаанд, салоҳияти соҳиб шудан ба онро ба даст меоранд. Умуман, саҳмдорони токен бо гузашти вақт тавассути пардохтҳои шабакавӣ, токенҳои нав сиккашуда ё дигар механизмҳои мукофотпулӣ соҳиби моликияти изофӣ мешаванд,ки аз тарокуниш ва корбурди ҳамон шабака бастагӣ дорад. [9]
Рамзарзҳо дар шакли физикӣ вуҷуд надорад (мисли пули коғазӣ) ва маъмулан аз ҷониби мақомоти марказӣ масалан бонк интишор намешавад. Рамзарзҳоро дар муқобили пули рақамии бонки марказӣ (CBDC) аз назорати ғайримутамарказ истифода мебаранд. [10] Ҳангоме, ки як арзи рамзнигоришуда зарб мешавад, ё қабл аз интишор эҷод мешавад, ё тавассути як ношир содир мешавад, ба таври куллӣ мутамаркиз дар назар гирифта мешавад. Вақте ки бо назорати ғайримутамаркиз амалӣ карда мешавад, ҳар як рамзарз тавассути фанноварии дафтари кулли тавзеъшуда , маъмулан Блокчейн кор мекунад, ки ҳамчун як пойгоҳи додаҳои тарокуншҳои молии умумӣ хидмат мекунад. [11] Табақоти дороиҳои суннатӣ монанди арзҳо, колоҳо, саҳом, ва ҳамчунин авомили иқтисоди калон, дар аз ҷиҳати даромад дар қиболи арзҳои диҷитол рискпазиран. [12]
Аввалин рамзарзи ғайримутамаркиз Биткуин буд, ки бори аввал ҳамчун нармафзори кушодаасос соли 2009 бароварда шуд. То моҳи марти соли 2022, дар бозор беш аз 9,000 рамзарзи дигар пайдо шуда буд, ки бештар аз 70-тои онҳо дорои сармояи бозорӣ 1 миллиард доллар мебошанд. [13]