Феҳристи президентҳои Боливия
саҳифаи феҳристӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Президенти Боливия — сардори давлат ва ҳукумати Боливия . Тибқи Конститутсияи феълӣ, президент дар интихоботи умумӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Номзаде, ки аксарияти куллӣ овозҳоро (бештар аз 50 фоизи овозҳоро) гирифтааст, интихобшуда ҳисоб карда мешавад. Дар сурати муайян нагардидани ғолиб порлумон дар ҷаласаи муштараки ҳарду палата президентро аз ду номзаде интихоб мекунад, ки аксарияти овозҳоро ба даст овардаанд.
Президенти феълии Боливия - Эво Моралес 22 январи соли 2006 ба вазифааш шурӯъ намуд. Вай 18 декабри соли 2005 интихоб шуда , 6 декабри соли 2009 бар асоси конститутсияи нав, ки аз январи соли 2009 амал мекунад, дубора интихоб шудааст.