Ҷазираҳои Кук
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷазираҳои Кук (кашфкунанда Ҷеймс Кук ) - галаҷазира ва сохтори давлатии ҳамоном дар ҳамбастагии озод бо Зеландияи Нав дар қисми ҷанубии уқёнуси Ором дар Полинезия воқеъ аст. Он бо обҳои ҳудудии Кириботӣ, Полинезияи Фаронса, Ниуе, Самоаи Амрико ва Токелау ҳамсарҳад аст. Ҳудуд 15 ҷазираро дар бар мегирад, ки 3-тои онҳо сокинони доимӣ надоранд. Аз онҳо 6 ҷазира ба гурӯҳи шимолӣ ва 9 ҷазира ба гурӯҳи ҷанубӣ шомиланд. Майдони масоҳат — 236,7 км² ( 1965 ). Шумораи аҳолӣ — 17564 нафар. Пойтахт — шахри Аваруа дар ҷазираи Раротонга . Дар соли 1888 ҷазираҳо ба протекторати империяи Бритониё табдил ёфтанд ва дар соли 1901 онҳо ба маъмурияти Зеландияи Нав дода шуданд. Дар соли 1965 ҷазираҳои Кук ба як давлати мухтор дар ҳайати Иттиҳоди Зеландияи Нав табдил ёфтанд. Ҷазираҳои Кук - узви Комиссияи Ҷанубии Уқёнуси Ором ва Форуми Ҷазираҳои Уқёнуси Ором аст .
англ. Cook Islands | |||||
|
|||||
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]] | |||||
Забонҳои расмӣ | инглисӣ ва Cook Islands Maori[d] | ||||
Пойтахт | Аваруа | ||||
Воҳиди пул | Доллари Зеландияи Нав[1] ва Cook Islands dollar[d][1] | ||||
Интернет-домен | .ck | ||||
Рамзи ISO | CK | ||||
Рамзи КБО | COK | ||||
Пешшумораи телефон | +682 | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC−10:00[d] ва Pacific/Rarotonga[d][2] |