Утриш
From Wikipedia, the free encyclopedia
У́триш ё А́встрия (олмонӣ: Österreich [ˈøːstɐˌʁaɪç] (гӯш кардан (итт.))), Ҷумҳу́рии У́триш (олмонӣ: Österreich Österreichische Republik) — давлат дар Аврупои Марказӣ. Узви Иттиҳоди Аврупо (аз соли 1995). Бо Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон, Словения, Итолиё, Суис ва Лихтенштейн ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 83858 км². Аҳолиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — шаҳри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии мустақил: Бургенланд, Утриши Болоӣ, Утриши Поёнӣ, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ (1955) дар бораи бетарафии доимӣ — Иди миллии Ҷумҳурии Утриш. Воҳиди пулӣ — евро (то соли 2001 — шиллинги утришӣ).
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Утриш|Land der Berge, Land am Strome ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Забони олмонӣ |
Пойтахт | Вена |
Шаҳри калонтарин | Вена, Залтсбург, Линс, Грас, Инсбрук |
Идораи давлат | Ҷумҳурии федеративии порлумонӣ |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 113-ум ҷой дар ҷaҳон 83 879 км² 1,7 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ | 97-ум ҷой дар ҷaҳон 8 823 054 нафар 102,1 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ • Ба сари аҳолӣ | -ум ҷой дар ҷaҳон 493,2 млрд $ 55 406 $ |
Пули миллӣ | евро |
Интернет-Домен | .at, .eu (Ҳамчун узви ИА) |
Коди телефон | +43 |
Соат | UTC +1 +2 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |