Аденома
From Wikipedia, the free encyclopedia
Адено́ма (лот. adenoma; аз юн.-қад. ἀδήν «ғадуд» + -ομα «омос») — омоси ғайрисаратонӣ, ки дар ғадудҳои гуногун (ғадуди шир, ҷигар, меъда, гурда, ғадуди сипаршакл ва ғайра) ба вуҷуд омада, сохтори бофтаҳои онҳоро маҳфуз медорад. Аденома бо мурури вақт метавонад ба омоси саратонофар табдил ёбад. Бинобар ин, онро саривақт бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта партофтан лозим аст.