Алифбои тоҷикӣ
sistemai harfho, ki baroi navişti zaboni toçikī istifoda meşavand / From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи худ дар се системаи хаттӣ навишта шудааст: арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ. Ҳар кадоми онҳоро метавон «хатти тоҷикӣ» ё «алифбои тоҷикӣ» (alifboi toçikī, اﻟﻔﺒﺎی تاجیکی) номид.
Алифбои истифодашуда бо мурури замон тағир ёфтанд. Аввалин хат барои навиштани забони тоҷикӣ хатти арабӣ буд, сипас дар солҳои 1930—1940 хати лотинӣ, ки баъдтар ба хатти ҳозираи кириллӣ иваз карда шуд[1]. Лаҳҷаи бухорӣ, ки бо он яҳудиёни бухорӣ ҳарф мезаданд, маъмулан бо алифбои ибрӣ навишта мешуд, аммо аз садаи XXI он одатан бо сириллик навишта мешавад.