Винтертур
шаҳр дар кантони Сюрих, Швейтсария / From Wikipedia, the free encyclopedia
Винтертур (олмонӣ: Winterthur) — шаҳрест дар қисми шимолии Швейтсария, маркази ҳавза, дар кантони Сюрих ҷойгир аст. Он қисми округ (ҳавза)-и Винтертур мебошад.
олм.-швейтс. Winterthur | |||||
|
|||||
Кишвар | Швейтсария | ||||
Кантон | Сюрих | ||||
Ҳавза | Винтертур | ||||
Роҳбар | Michael Künzle[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландӣ | 439 м | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+1[d], Central European Time[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Коди телефон | 052 | ||||
Нишонаи почта | 8352, 8482, 8400, 8401, 8403, 8404, 8405, 8406, 8408 ва 8409 | ||||
Коди мошинҳо | ZH | ||||
Вебгоҳи расмӣ(олмонӣ) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шаҳр аз рӯи шумораи аҳолии он шашумин шаҳри бузурги Швейтсария мебошад, ки шумораи аҳолиаш аз 100,000 нафар (2008 сол) зиёд аст. Дар лаҳҷаи маҳаллӣ, сокинон ӯро ба шакли кӯтоҳшуда — Винтӣ ном мебаранд. Дар Швейтсария Винтертурро "шаҳри осорхонаҳо" меноманд — дар ин шаҳр музейҳои зиёди бадеӣ, аз ҷумла Осорхонаи аксҳо ва Осорхонаи Технорама ҷойгиранд. Ғайр аз он, Винтертур маркази калони саноатии Швейтсария мебошад. Бонк дар Винтертур соли 1862 дар ин ҷо таъсис ёфтааст.
Яке аз бартариҳои шаҳр дастрасии нақлиёт мебошад. Шаҳр тавассути роҳи оҳан бо шаҳрҳои асосии ҳам Швейтсария ва ҳам кишварҳои ҳамсоя: Олмон, Италия пайваст аст. Ин аз Сюрих ҳамагӣ 19 дақиқа ва фурудгоҳи Сюрих 13 дақиқа дуртар аст. Роҳҳои автомобилгард ба Женева (шоҳроҳи A1), Шаффхаузен (шоҳроҳи A4) ва сарҳади Олмон, то шаҳри Кройстлинген (шоҳроҳи A7) аз Винтертур мегузаранд.