Конодо
кишваре дар Амрикои Шимолӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Конодо, Кана́да (англ. Canada [ˈkænədə] (итт.); фр. Canada [kanadɑ] (итт.)) — кишвар дар Амрикои Шимолӣ, бузургтарин минтақа дар ин қора ва дувумин дар ҷаҳон. Бар асоси ҷамъият, 38-умин кишвари ҷаҳон (40 170 072 нафар дар 22 июли соли 2023). Зичии аҳолӣ (4,2 нафар дар ҳар 1 км²) яке аз камтаринҳо дар ҷаҳон аст. Пойтахташ — шаҳри Оттава. Шаҳрҳои бузургтарин — Монреал, Торонто, Калгари ва Ванкувер.
Шиор: «A Mari Usque Ad Mare "Аз баҳр ба баҳр"» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Канада|O Canada
]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | англисӣ, фаронсавӣ |
Пойтахт | Оттава |
Шаҳри калонтарин | Торонто, Оттава, Монреал, Ванкувер, Эдмонтон |
Идораи давлат | |
Наxуствазир | Ҷастин Трюдо |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 2-ум ҷой дар ҷaҳон 9,984,670 км² 8.92 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2022) • Зичӣ | 36-ум ҷой дар ҷaҳон 38 929 902[1] 3.2 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2006) • Ба сари аҳолӣ | 11-ум ҷой дар ҷaҳон 0.99 млрд. $ 25,816 $ |
Пули миллӣ | Доллари Канадӣ |
Интернет-Домен | .ca |
Коди телефон | +1 |
Соат | UTC -7 |
Дар Ҷанубу Ғарб бо обҳои уқёнуси Ором, дар Шимол тавассути Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва дар Шарқ бо обҳои Уқёнуси Атлантик фаро гирифта шудааст. Дар Ҷануб ва Шимолу Ғарб бо ИМА ҳаммарз буда, иқтисодаш ба ин кишвар вобастагии қавӣ дорад. Масоҳаташ 9984,7 ҳаз. км2.
Тақвими маъмул: григорианӣ. Ҷашнҳои миллӣ: 1 янв. – соли Нав, 15 февр. – Рӯзи парчами Канада, 18 февр. – Рӯзи Мерос, охирин якшанбеи моҳи май – Ҷашни малика Виктория, 27 июн – Рӯзи суруди миллии Канада, 1 июл – Рӯзи Канада, 13 октябр – Рӯзи Шукргузорӣ, ҳамчунин ҷашнҳои дигар ба монанди Мавлуди Исо, Пасха, Рӯзи Валентини Муқаддас, Рӯзи Патрики Муқаддас ва ғайра таҷлил мешаванд. Асъор – доллари Канада.