Чорбоғ (деҳа, н. Файзобод)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Чорбоғ (собиқ Кулул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 14,5 км. Аҳолиаш 503 нафар (2010), тоҷикон. Аз 53 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мағозаи хусусӣ, 12 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Меҳробод обёрӣ мешаванд.[1]