Ҷисмҳои бегона
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷисмҳои бегона (лот. corpus alienum) — ашёи барои организм бегонае, ки аз пӯст, сӯрохи табиии организм ва ҷои захм ба бофта, ҷавф ва узвҳо ворид гаштаанд.
Ҷисмҳои бегона аз ҷои захм, одатан, ҳангоми тир хӯрдан ворид мешаванд; тир, пораи тири тӯп ва ғ. аксар вақт ба бофта ва узвҳо амиқтар медарояд. Дар шароити осоишта аз захми пӯст бештар ҷисмҳои бегонаи майда — сӯзани чокдӯзӣ, парахаи нӯгтез, оҳанпора, шишамайда ва ғайра дохил мешаванд. Онҳо бисёр чуқур намераванд ва одатан дар пӯст ё зери он ҷой мегиранд. Агар ҷисмҳои бегона аз захм ба қабат ва зери пӯст, мушакҳо, инчунин ба баъзе узвҳо гузашта, боиси мадда нагарданд, пас, онҳо аксар вақт бо бофта «пайванд» мешаванд, яъне ҷисмҳои бегона дар қабати бофта дуру дароз, баъзан тамоми ҳаёт боқӣ монда халал намерасонанд. Ақидае, ки гӯё ҷисмҳои бегонаи тез, хусусан сӯзан, дар бадан давр мезада бошанд, ғалат аст. Сӯзани бориктарине, ки ба бофта даромадааст, фақат дар масофаи хеле кам ҷой иваз мекунад. Фақат ҷисмҳои бегонае, ки ба ҷавфи калони бадан (масалан, шикам) ё раги калони хун дохил шудаанд, мумкин аст мавқеи худро хеле тағйир диҳанд.