ГНУ/Линукс
From Wikipedia, the free encyclopedia
GNU/Linux («гну слэш ли́нукс» талаффуз мешавад) — озод ва [[системаи оператсионии UNIX-монанд.
- Ин мақола дар бораи системаи оператсионӣ аст, ки одатан онро «Linux» меноманд.
Linux – системаи оператсионии озодасоси чандистифодабарандаи компютерњои фардии бо IBM PC-њамљоя ва стансияњои корї буда, бо системаи шабакавии графикї-равзанавии X_Window_System муљањњаз аст. Linux дорои дистрибутивњои (версияњо) зиёд – Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix, ALT Linux, ASPLinux ва ғайра мебошад. СО Linux бо стандарти системањои кушода ва протоколњои шабакаи Интернет кор карда метавонад ва бо системањои оператсионии Unix, MS DOS ва MS Windows њамљоя мебошад. Њамаи компонентњои система, аз љумла матни кодњои онро, дар асоси литсензия озодона нусхабардорї, пањн ва дар миқдори дилхоњи компютерњо гузоштан мумкин аст. Мањз барои њамин њам ин СО-ро системаи озодасос мегӯянд. Linux (Линукс) дар ибтидои солњои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишљӯи донишгоњи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалд сохта шудааст. Системаи Linux њамчун версияи СО Unix барои КФ эљод шудааст. Unix солњои дароз аст, ки дар мэйнфрейму мини-компютерњо ва стансияњои корї ба сифати СО-и асосї хидмат мерасонад. Linux аз Unix суръат, самаранокї ва чобукиро мерос гирифта, қариб њамаи вазифањои СО DOS ва Windows-ро иљро карда метавонад. Њангоми кор бо муш њар се тугмаи он истифода мешавад. Тугмаи мобайнии мушро барои гузоштани фрагментњои матн истифода бурдан мумкин аст. Аз нуқтаи назари иқтисодї Linux боз як бартарии дигари љиддї дорад – вай системаи оператсионии бепул аст. Linux мувофиқи литсензияи генералии шакли кушодаи GNU дар доираи бунёди (фонди) таъминоти программавии озодасос (Free Software Foundation) пањн карда мешавад, ки онро њар як хоњишманд дастрас карда метавонад. Аз Unix ба Linux боз ду хусусияти шоёни дигар – чандистифодабарандагї ва чандмасъалагї гузаштааст. Чандмасъалагї маънои иљрои яквақтаи якчанд масъаларо дорад. Чандистифодабарандагї бошад, далели он аст, ки дар система якбора якчанд истифодабаранда ба воситаи терминалњои алоњида кор карда метавонанд. Арзиши дигари Linux аз он иборат аст, ки вайро якљоя бо Windows дар як компютер гузоштан мумкин аст. Linux метавонад комютери дилхоњро ба стансияи корї табдил дињад. Дар њозира Linux-ро њамчун СО дар соњањои бизнес, маориф ва программасозии фардї истифода менамоянд. Вай дар ташкили шабакањои корпоративї, Интернет-нуқтањо ва Web-серверњо системаи оператсионии ивазнашаванда аст. Linux метавонад аз якчанд намудњои интерфейси графикї - KDE (K Desktop Environment), GNOME (GNU Network Model Environment) ва ғайра истифода барад. Дар њар яке аз ин қабатњои программавї истифодабаранда имконият дорад, ки якбора бо якчанд мизњои корї кор кунад, ки ин бартариро дар дигар СО вохӯрдан мумкин нест.