Болливуд
From Wikipedia, the free encyclopedia
Болливуд (ҳиндӣ: बॉलीवुड), (англ. Bollywood) — киностудия дар Ҳиндустон, дар шаҳри Мумбай ҷойгир аст. Дар Болливуд қариб шаш млн нафар коргардон, актёр, продюсер, наворгир, рассом, оҳангсоз, кинодраматург ва корманди техникию маъмурӣ фаъолият менамоянд. Соле то ҳазор филми бадеӣ, тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекунад. Дахлу харҷи солонааш беш аз 1,3 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад..