Бутан
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бутан (дзонг-кэ འབྲུག་ཡུལ་, вайли ʼbrug-yul) расман Шоҳигарии Бутан — кишвари кӯҳсорест дар Осиёи Ҷанубӣ дар Ҳимолой, миёни Ҳиндустон ва Чин ҷойгир аст. Пойтахташ — шаҳри Тхимпху. Номи ин кишварро шаҳрвандони ин кишвар Друк Юл ва ё Друк Тсенден — яъне кишвари «Аждаҳои Барқафкан» меноманд. Бутан ҳамчунин номи таърихии қаламрави ҳамсоя дар Ҳиндустон дар иёлати Банголистони Ғарбӣ бо маркази Калимпанг машҳур аст. Ин қаламрав ҳангоми муноқишаҳо дар асри XIX аз тарафи англисҳо пора карда шуд. Бино ба яке аз маълумотҳо Бутан аз калимаи Бҳу-Уттан мебошад, ки дар тарҷума аз санскритӣ маънояш баландкӯҳ ва ё кишвари куҳансор аст. Аз дигар тараф бошад, яъне аз Бҳотс-Ант ки маънояш канори Тибет ва ё Ҷануби Тибет аст.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «Друк Тсенден» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз 8 август 1949) |
Забони расмӣ | дзонг-кэ |
Пойтахт | Тҳимфу |
Шаҳри калонтарин | Тҳимфу |
Идораи давлат | Монархияи конститутсионӣ |
Ҷигме Кхесар Намгял Вангчук | |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 135-ум ҷой дар ҷaҳон 38,394 км² 1,1 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2012) • Зичӣ | 165-ум ҷой дар ҷaҳон 742,737 18 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2012) • Ба сари аҳолӣ | -ум ҷой дар ҷaҳон 7,287 трлрд $ 6,112 $ |
Пули миллӣ | нгултруми бутанӣ |
Интернет-Домен | .bt |
Коди телефон | +975 |
Соат | UTC +6 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Шоҳигарии Бутан аз шимол бо Чин, аз ғарб – бо штати Ҳинд Сикким (то соли 1975 собиқ шоҳигарии мустақил), аз шарқ – бо штати Аруначал-Прадеш, аз ҷануб – бо штати Ассом (дар ҳамоне, ки ҷанги шаҳрвандии дарозмуддат гузашта буд) ва аз ҷанубу-ғарбӣ бошад – бо Банголистони Ғарбӣ ҳамсарҳад мебошад.