Дарахт
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дарахт, дор, шаҷар (лот. árbor) — рустании дарозумри танаву шоху баргдор. Тибқи таснифи эколог ва геоботаники даниягӣ К. Раункиер дарахтҳо мансуби фанерофитҳо мебошанд. Дарахт аз тана, шоха ва реша иборат аст. Танаи дарахт аз ҷанини муғҷа рушд ёфта, ҳамеша ба боло месабзад. Тана такягоҳи шоху навдаҳо аст. Он моддаҳои ғизоиро интиқол дода, баъзан вазифаи захиравиро низ иҷро мекунад.