Ноҳияҳои Тоҷикистон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дар Тоҷикистон дар соли 2022 58 ноҳия, ба ҷуз аз ноҳияҳои Душанбе (4-то) мавҷуд буданд, ки ба вилояти Суғду Хатлону ВМКБ ва тобеи марказ дохиланд. Ноҳияҳо дар навбати худ ба ҷамоатҳо ва шаҳракҳо тақсим мешаванд. Ноҳияи камаҳолитарин ноҳияи Мурғоб (15,900 нафар аҳолӣ дар соли 2020) ва сераҳолитарин ноҳияи Рӯдакӣ (518,200 нафар аҳолӣ дар соли 2020) буданд.