Дашти Марзо
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дашти Марзо — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 2584 нафар (2010), тоҷикон. Аз 346 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази хидматрасонии маишй, хонаи саломатӣ, 33 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 5 мағоза, хоҷагии коллективии «Дашти Марзо», осиёи барқӣ, устохонаи оҳангарӣ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ва насоси Дашти Марзо, ки дар деҳаи Мискинобод ҷойгир аст, обёрӣ мешаванд.[1]
Quick Facts Дашти Марзо, Кишвар ...
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2856 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close