Nokia Lumia 1020
From Wikipedia, the free encyclopedia
Nokia Lumia 1020 — телефони мобилӣ, тарҳрезшуда аз ҷониби ширкати Nokia ва коркунанда таҳти идораи системаи омилии Windows Phone 8. Смартфон 11 июли соли 2013[2] дар як чорабинӣ дар шаҳри Ню-Йорк муаррифӣ шуд. Смартфон бо намоишгари 4.5-дюймаи зудҳис бо иҷозаи HD+ (1280x768) муҷаҳҳаз шудааст. Намоишгар бар асоси технологияи AMOLED сохта шуда ва бо шишаи устувори Corning Gorilla Glass 3 ҳифозат шудааст. Инчунин дар дастгоҳ пардозандаи дуҳастаӣ бо басомади 1,5 GHz насб шудааст. Телефон пуркунии илқоиро (бо истифода аз панелки, ки алоҳида харидорӣ мешавад) дар асоси стандарти Qi пуштибонӣ мекунад. Смартфон бо PureView-камераи 41 мегапикселӣ ва системаи устуворсозии оптикӣ муҷаҳҳаз аст. Дар дастгоҳ ҳофизаи 32 Gb бе имконияти васеъкунӣ насб шудааст.
Бренд | Nokia |
---|---|
Созанда | Nokia |
Силсила | Nokia Lumia |
Иртиботот |
2.5G GSM/GPRS/EDGE – 850, 900, 1800, 1900 MHz |
Санаи барориш | 11 июли 2013 |
Пешгузашта | Nokia 808 PureView |
Ҷонишин | Nokia Lumia 830 |
Моделҳои марбут |
Nokia Lumia 920 Nokia Lumia 925 Nokia Lumia 928 |
Навъ | Камерафон, смартфон |
Форм-фактор | Моноблок |
Андозаҳо | 130,4 x 71,4 x 10,4 мм |
Вазн | 158 г |
Системаи омилӣ | Windows Phone 8 |
Пардозанда | Snapdragon S4 (Qualcomm Krait) |
Графика | Qualcomm Adreno 225 GPU |
RAM | 2 Гб |
Ҳофизаи флеш | 32 Гб |
Аккумулятор | Литий-полимерӣ, BV-5XW 2000 мА·с |
Вуруд |
Феҳрист
Вуруди корбарӣ: Сенсорӣ
Калидҳои физики ҷудо: Калиди идоракунии садо, Калиди камера, Калиди даргиронӣ/муҳосиракунӣ |
Камера |
Феҳрист
41 Мп PureView бо устуворсозии оптикии тасвир (қолиб 1/1,5 дюйм), 7712 x 5360, f/2.2, Xenon flash, автофокус, оптика Carl Zeiss, система устуворсозии оптикӣ, забти видео 1080p (битрейт 30 fps)
|
Камераи пеш | 1.2 Мп (1280 x 720), забти видео 720p |
Медиаформатҳои созгор |
Феҳрист
Аудиокодекҳо: MP3, AMR-NB, WMA 10 Pro, GSM FR, WMA 9, AAC LC, AAC+/HEAAC, eAAC+/HEAACv2
Формати садо: ASF, MP4, AAC, AMR, MP3, M4A, WMA, 3GP, 3G2 видеокодекҳо: VC-1, Видео Windows, H.264/AVC, H.263, MPEG-4 Форматҳои видео: MP4, WMV, AVI, 3GP, 3G2, M4V, MOV |
Интерфейсҳо | |
Дигарҳо |
Замони муколама: 2G: 19.1 соат 3G: 13.3 соат Дар ҳолати интизорӣ: 606 соат (тахминан 25 рӯз)[1] |
Мароҷеъ | Nokia Lumia 1020 |