Ноҳияи Нуробод
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Нуробод (форсӣ: ناحیۀ نورآباد) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Quick Facts Ноҳияи Нуробод, Кишвар ...
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Нуробод | |
Кишвар | [[|]] |
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳрак, 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Дарбанд |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 19 январи соли 1936 |
Масоҳат | 928 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 72 600[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | DA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR.DA |
Коди телефон | +992 3133 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
Маркази ин ноҳия шаҳраки Дарбанд аст, ки 135 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ин ноҳия 19 январи соли 1936 бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва то соли 1991 ноҳияи Комсомолобод ном дошт. Бар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1991 дубора ноҳияи Дарбанд номида шуд. Бар асоси Қарори № 390 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Нуробод номида шуд.