Панҷ (рӯд)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Панҷ (порсӣ: پنج) — рӯдест дар Осиёи Марказӣ ки дар миёни Тоҷикистону Афғонистон равон аст ва резишгоҳи он Омударё аст.
Quick Facts Панҷ (рӯд), Ҷараёни об ...
Ҷараёни об | |
---|---|
Сарчашма (Т) (B) | дарёҳои якҷоя: Помир ва Вахондарё |
• Баландӣ | 4130 м |
• Координатаҳо | 37°01′03″ с. ш. 72°39′41″ в. д.HGЯO |
Резишгоҳ (Т) (B) | Амударё |
• Координатаҳо | 37°06′39″ с. ш. 68°18′53″ в. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Close
Сарчашмаи рӯди Панҷ рӯдҳои Помир ва Вахондарё ҳастанд, ки яке аз дарёжаи Зоркӯл дар сарзамини Тоҷикистон ва дигаре аз кӯҳсори Вахон дар сарзамини Афғонистон об мегиранд.
Аз саросари рӯди Панҷ марзи Афғонистону Тоҷикистон мегузарад[1] ки ду кишвари обгири он ҳастанд.
Дарозои ин рӯд 921 км, паҳноварии ҳавзаи обхезаш 114 000 км², миёнгини гузашти обаш 1000 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ ба кор меравад. Аз дараи рӯди Панҷ шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва Кӯлоб — Қалъаи Хумб мегузаранд.